Тибқи маълумоти Инспексияи давлатии меҳнат, соли 2025 дар миқёси ҷумҳурӣ 849 ҳодисаи нохуши вобаста ба фаъолияти меҳнатӣ ба қайд гирифта шудааст.

Аз ин шумора 50 ҳолат ҳодисаҳои гурӯҳӣ, 583 ҳолат бо паёмадҳои вазнин ва 216 ҳолат бо анҷоми марговар мебошанд.

Дар натиҷаи чунин ҳодисаҳо дар ҷойи кор дар маҷмӯъ 961 нафар осеб дидаанд: 680 нафар ҷароҳатҳои вазнин бардошта, 33 нафар ҷароҳатҳои сабук гирифтаанд ва 248 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Дар соли гузашта шумораи бештари ҳодисаҳои нохуш дар соҳаи сохтмон (234 ҳолат), саноати сабук (47 ҳолат) ва нақлиёт (37 ҳолат) ба қайд гирифта шудааст.

Дар буриши минтақаҳо, бештарини ҳодисаҳои нохуш дар шаҳри Тошканд (153 ҳолат), вилоятҳои Тошканд ва Андиҷон (ҳар кадом 75 ҳолат) сабт гардида, камтарин шумора дар вилоятҳои Хоразм ва Сурхондарё (ҳар кадом 16 ҳолат) мушоҳида шудааст.

Барои вайрон намудани қонунгузории меҳнат, ки боиси паёмадҳои вазнин гардидааст, нисбат ба 432 нафар шахсони мансабдор парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуда, 241 нафар шахсони мансабдор ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб гардидаанд.