Дар рафти вохӯриҳо В. Матвиенко ва М. Ашимбаев Танзила Нарбоеваро бо интихоб шуданаш ба вазифаи Раиси Сенат табрик намуда, ба ӯ дар фаъолияти минбаъда муваффақиятҳо таманно карданд.
Дар ҷараёни муколама диққати махсус ба андешидани тадбирҳои зарурӣ барои ғанӣ гардондани муносибатҳо бо парлумони Ӯзбекистон ва татбиқи созишномаҳои дар сатҳи олӣ ба дастомада равона карда шуд. Ҳамчунин, масъалаҳои ташкили ҳамкориҳои самаранок байни мақомоти намояндагии минтақаҳо баррасӣ гардиданд.
Дар ин мулоқот масъалаҳои иҷрои вазифаҳои муҳими рӯзномаи Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои ИДМ ва рушди муносибатҳои байнипарлумонӣ низ баррасӣ шуданд.