Саида Мирзиёева дар “Марафони саломатӣ”, ки дар Қароқалпоқистон баргузор мегардад, иштирок кард

    Тандурустӣ 7 Oktabr 2025 3569

    Роҳбари Админстратсияи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Саида Мирзиёева дар марафони умумиҷумҳуриявии саломатӣ — «Саломатлик марафони», ки дар Қарақалпоқистон баргузор мешавад, иштирок намуд. Ин чорабинӣ ба ташаккули фарҳанги ғамхорӣ ба саломатӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои муосир дар низоми хизматрасонии тиббӣ равона шудааст.

    Дар доираи марафон дар шаҳри Нуқус ташхиси васеи аҳолӣ — муоинаҳо дар поликлиникаҳои оилавӣ ва ҷойҳои ҷамъиятӣ анҷом дода мешаванд. Бо шарофати ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ ва ҳалли инноватсионӣ, ба монанди AI TOP-3 CDSS, MuxlisaMED AI ва AI Mammo, ташхис ва табобат дақиқтару самараноктар гардидаанд.

    Дар давоми чор рӯз тақрибан 12 ҳазор нафар аз муоина гузаштанд, ки аз онҳо зиёда аз 1 700 нафар таҳқиқоти амиқтар гузаронида, 116 бемор барои идомаи табобат равона шуданд.

    Саида Мирзиёева ҳамчунин ба шуъбаи ҷарроҳии кӯдаконаи Донишгоҳи тиббии Қарақалпоқистон ташриф оварда, бо кӯдаконе, ки ҷарроҳиҳои душвор аз сар гузаронидаанд, суҳбат намуд.

    «Шуҷоат ва табассумҳои самимии онҳо рамзи қуввати руҳ ва боварӣ ба зиндагӣ гардиданд», — таъкид намуд ӯ.

    Ду лоиҳаи нав ба кор дароварда шуд – “Мактаби саломатии оилавӣ”, ки барои ҷорӣ кардани шиносномаи рақамии оилавӣ асосноконида шудааст ва “Волонтёрони саломатӣ”, ки баланд бардоштани саводи тиббии аҳолиро бо ёрии ҷавонон мақсади худ қарор додааст, аз ин ҷумлаанд.

    Ба мутахассисони ҷавони дастаи “Новаторони тиббӣ”, ки ба талаботи замон мувофиқ ва барои ҳар инсон дастрасу муфид намудани низоми тандурустиро барои худ мақсад кардаанд, миннатдории худро изҳор мекунам.

    Саломатии миллат — ин роҳи умумии мост, ки якҷоя ва бо масъулияти муштарак тай мегардад".

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates