Қароқалпоқистон тадриҷан ба минтақаи фаъоли иқтисодӣ табдил меёбад. Дар натиҷаи роҳандозии 64 лоиҳаи сармоягузорӣ дар ду сол беш аз 5 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд.
Лоиҳаҳои нав баҳри рушди бахшҳои саноат, логистика, кишоварзӣ ва тандурустӣ дар Қароқалпоқистон хидмат мекунанд.
Дар солҳои наздик боз 27 лоиҳа ба маблағи 2 миллиард доллар роҳандозӣ мешавад ва қариб 10 ҳазор нафари дигар бо кор таъмин хоҳанд шуд.
"Ба ман дар бораи мушкилоте, ки дар соҳаи газ, роҳсозӣ ва рушди соҳибкорӣ ба чашм мерасанд, маълумот доданд. Мо якҷоя роҳҳои ҳалли онҳоро баррасӣ кардем. Корхона, клиника, марказҳои фароғатӣ ва логистикии нав – бовар дорам, ки ҳамаи онҳо барои беҳбуди зиндагии мардуми қорақалпоқ ва рушди иқтисодии минтақа хидмат мекунанд", — навиштааст роҳбари админстратсияси Президент.











