Тибқи маълумоти Хадамоти ҳолатҳои фавқулода, таркиш соати 13:43 ҳангоми холӣ кардани гази моеъ рух дод. Мувофиқи маълумоти пешакӣ, дар зарф тарқиш ба вуҷуд омада, аз он газ берун шудааст, ки боиси оташгирӣ ва таркиш гардидааст.
Гурӯҳҳои оташнишонӣ соати 13:47 ба ҷои ҳодиса расида, соати 14:02 алангаро маҳдуд карда, соати 14:12 онро пурра хомӯш намуданд.
Тибқи маълумоти маркази матбуоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Фарғона, як нафар дар ҷойи ҳодиса ҳалок шуда, чанд тани дигар, ки дар наздикии ҳодиса буданд, ҷароҳатҳои гуногун гирифта, ба бемористон интиқол дода шуданд. Се тан аз маҷруҳон, сарфи назар аз кӯшишҳои табибон, дар муассисаи тиббӣ ба ҳалокат расиданд.
Дар доираи тафтишоти ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, панҷ нафар шахсони ба ҳодиса алоқаманд боздошт шудаанд. Экспертизаҳои зарурӣ таъин шуда, корҳои тафтишотӣ идома доранд.