Дар рафти суҳбат ҳолат ва пешомадҳои рушди муносибатҳо байни Ӯзбекистон ва Италия дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, сайёҳӣ, фарҳангиву инсонпарварӣ ва дигар  ҳамаҷониба баррасӣ гардиданд.

Ба масъалаҳои вусъат додани дипломатияи иқтисодӣ диққати махсус дода шуд. Дар ин замина оид ба зиёд намудани ҳаҷми савдои мутақобила, татбиқи лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ ва қарордодҳои тиҷоратӣ пешниҳодҳо баррасӣ шуданд.

Ҷанбаҳои алоҳидаи ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби СММ, Иттиҳоди Аврупо, муколамаи «Италия – Осиёи Марказӣ» ва дигар сохторҳои бисёрҷониба мавриди таҳлил қарор гирифтаанд.

Ба тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои фарҳанг, тандурустӣ, густариши робитаҳои муассисаҳои илмӣ ва муассисаҳои таълимӣ таваҷҷуҳи тарафайн изҳор карда шуд.

Ҳамчунин оид ба тавсеаи заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳои дуҷониба бо таҳияи санадҳои дахлдор ва амалан муҳим табодули афкор сурат гирифт, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.