«Музокироти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия дар фазои дӯстона ва созанда оғоз ёфт, — навиштааст дар канали телеграмии худ котиби матбуоти роҳбари ВКХ Ахрор Бурхонов. — Ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию башардӯстиро баррасӣ мекунанд. Ҳамзамон, доир ба масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ мубодилаи афкор сурат мегирад.
Дар ҷараёни музокирот ба масъалаҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкории стратегӣ байни ду кишвар, аз ҷумла, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва густариши ҳамкорӣ дар як қатор самтҳо диққати махсус нигаронда хоҳад шуд».