Дар Самарқанд Ҳафтаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ –ICTWEEK Uzbekistan баргузор мешавад

    Воқеаҳо 8 Sentabr 2022 1095

    Аз 24 то 27  дар Самарқанд дар соҳаи  IT яке аҳ рӯйдодҳои муҳим  – Ҳафтаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ – ICTWEEK Uzbekistan баргузор мешавад.

    ICTWEEK Uzbekistan –чорабинии бузург ва муҳимест, ки аз соли 2004 инҷониб ҳамасола дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ дар Ӯзбекистон гузаронида мешавад.

    Ин чорабинӣ ба таври анъанавӣ як қатор чорабиниҳои махсусро дар як формат муттаҳид мекунад.

    Ҳадафи аслии ICTWEEK фароҳам овардани майдон барои табодули таҷриба ва намоиши дастовардҳои технология ва инноватсияҳои муосир мебошад. Ба ғайр аз ин, ин барои намоиши ҷозибадории бозори IT-и Ўзбекистон ба сармоягузорони хориҷӣ, ҳамкории давлат, ширкат ва истеъмолгарон майдончаи олӣ хоҳад буд.

    Чорабинии мазкур бо дастгирии Вазорати рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор мегардад. Ташкилкунандаи ICTWEEK Uzbekistan агентии Avantage Event мебошад.

    Маълумоти муфассал дар бораи барномаи чорабинӣ: www.ictweek.uz.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates