Дар Самарқанд чемпионати кушоди Осиёи Марказӣ оид ба варзиши сабук баргузор мегардад

    Варзиш 22 Sentabr 2022 844

    Аз 23 то 25 сентябри соли равон дар шаҳри Самарқанд 4-умин чемпионати кушоди Осиёи Марказӣ оид ба варзиши сабук баргузор мегардад.

    Дар мусобиқоти байналмилалӣ беш аз 300 варзишгар аз 11 кишвар ширкат мекунанд. Барои ширкат дар ин мусобиқа дастаҳои Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Тоҷикистон, Малайзия, Тайланд ва Филиппин ба кишвари мо меоянд.

    Мусобиқа аз ҷониби Вазорати рушди варзиш, Кумитаи миллии олимпӣ ва Федератсияи варзиши сабуки Ӯзбекистон бо дастгирии Ассотсиатсияи варзиши сабуки Осиёи Марказӣ ва ҶС «Ӯзбекнефтегаз» баргузор мешавад.

    Маҷмӯи варзишии «Афросиёб Арена»-и шаҳри Самарқанд барои баргузории чемпионати кушоди Осиёи Марказӣ оид ба варзиши сабук омода шудааст.

    Варзишгарон ба ҷуз аз риштаҳои асосии давидан, инчунин дар риштаҳои техникӣ, яъне ҷаҳидан ба баландӣ, ҷаҳидан бо сутун, ҷаҳидан ба дарозӣ, диск, гурзандозӣ ва найза рақобат мекунанд.

    Аъзоёни командаи яккачини варзиши сабуки Ӯзбекистон қариб дар ҳамаи намудҳо қувва меозмоянд. Дар мусобиқа Шарифа Давронова, Анвар Анваров, Сӯҳроб Хоҷаев, Фарида Солиева, Наргиза Кучкарова ва Роксана Худёрова барин варзишгарони номдор низ қувваи худро месанҷанд.

    Дар рӯзи сеюми мусобиқа Ҷоми раиси раёсати ҶС «Ӯзбекнефтегаз» ва марҳилаи навбатии мусобиқаи байналмилалии дави хайриявии «Save Aral 2022» баргузор мешавад.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates