Дирӯз маросими расмии кушоиши ботантанаи мусобиқа баргузор гардид. Дар чорабинӣ ҳокими вилояти Самарқанд Эркин Турдимов, муовини вазири сиёсати ҷавонон ва варзиш Шахрулло Маҳмудов, намояндагони Федератсияи қайиқронӣ дар байдарка ва каноэи Осиё, Кумитаи миллии паралимпӣ, Федератсияи Rowing&Canoe -и Ӯзбекистон иштирок карданд.

Шахсони расмӣ дар чорабинӣ сухан ронда таъкид намуданд, ки дар кишварамон ба мусобиқаи бонуфуз омодагии зиёд дида, барои меҳмонону иштирокчиёнпи чемпионат тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.