Ин таксии хатсайри рақами 1 ҳаракатро аз майдони Регистон сар карда, сипас дар хиёбони Донишгоҳ, кӯчаҳои Орзу Маҳмудов, Ӯзбекистон, Шоҳрух Мирзо, Мирзо Улуғбек, Огаҳӣ идома дода, дар кӯчаи "Бозоров" анҷом медиҳад.

Мусофиркашонӣ дар нақлиёти русуми Changan MIDIBUS G 60 ба амал бароварда мешавад. Нархи роҳ 3000 сӯм аст.

Фароҳам овардани шароити зарурӣ барои шинос кардани шаҳрвандон бо иқтидори сайёҳии кишвар, рушди босуръати инфрасохтори муосири хизматрасонӣ, бешубҳа, барои ба сатҳи нав баровардани соҳаи сайёҳӣ хизмат хоҳад кард.