Бино ба иттилои хидмати матбуоти ҶСК «Ӯзбекнефтегаз», корманди масъули молиявии филиали Булунғур 7 зарфи пӯлоди амудиро (РВС) худсарона тағйир дода, дар дохили он қубури пӯлодӣ гузоштааст.
Дар натиҷаи ин маълум гардид, ки ба миқдори 2573,5 тонна, ҷамъ ба маблағи 21 494,7 миллион сӯм камомади маҳсулоти нафтӣ мушоҳида гардида, ба ғоратгариҳои калон роҳ дода шудааст.
Аз ҷумла:
2 382,1 тонна бензини АИ-80 ба маблағи 18 340,4 миллион сӯм;
4,7 тонна сӯзишвории дизелии тамғаи ЭКО ба маблағи 75,2 миллион сӯм;
111,6 тонна сӯзишвории дизелии ТДЛ-05 ба маблағи 1752,1 миллион сӯм;
75,1 тонна сӯзишвории дизелии ТД-К5 евро ба маблағи 1327,0 миллион сӯм.
Бинобар факати мазкур тафтишоти пешакӣ гузаронда мешавад.