Дар Котиботи СҲШ оид ба интихоботи қарибулвуқӯъи Президенти Ӯзбекистон брифинг баргузор шуд

    Дар Котиботи Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) дар Пекин барои намояндагони намояндагиҳои дипломатии “оилаи бузурги” СҲШ оид ба ислоҳоти конститутсионӣ ва интихоботи пеш аз муҳлати президентии Ӯзбекистон, ки 9 июл баргузор мешавад, брифинг баргузор гардид.

    Ба иттилои Сафорати Ӯзбекистон, маърӯзачии асосӣ муовини якуми Раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис Акмал Саидов буд, хабар медиҳад АИ «Дунё».

    Дар брифинг намояндагони кишварҳои узв, кишварҳои нозир ва шарикони муколамаи СҲШ ширкат доштанд.

    Чорабиниро муовини Дабири кулли СҲШ Нуран Ниёзалиев ифтитоҳ намуда, қайд кард, ки солҳои охир дар Ӯзбекистон ислоҳоти пурқувват дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ амалӣ карда мешавад. Имрӯз Ўзбекистон дар тараққиёти худ марҳалаи муҳимро аз cap мегузаронад.

    Ҳамин тариқ, моҳи апрели соли равон раъйпурсӣ оид ба таҷдиди Конститутсия бомуваффақият баргузор гардид. Намояндагони Котиботи СҲШ, ки дар ин чорабинӣ ширкат доштанд, дигаргуниҳои густурдаеро, ки дар кишвар ба амал меоянд, бо чашми худ диданд.

    Дар ҳамин ҳол, Нуран Ниёзалиев изҳори итминон кард, ки интихоботи қарибулвуқӯъи президентии Ӯзбекистон 9 июл низ дар сатҳи олӣ баргузор мешавад. Роҳбарияти Котибот ният дорад, ки чун анъана дар ин чорабинии сиёсӣ ҳамчун нозирони байналхалқӣ фаъолона иштирок намояд.

    Дар маърӯзаи худ муовини аввали Спикери Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис, директори Маркази миллии Ӯзбекистон оид ба ҳуқуқи инсон Акмал Саидов дар бораи натиҷаҳои асосии ислоҳоти конститутсионӣ ва нақши он дар бунёди Ӯзбекистони Нав маълумоти муфассал дод. Раванди омодагӣ ба интихоботи Президенти Ӯзбекистон, тавзеҳ додани моҳияту аҳамияти ин маъракаи интихоботӣ дар рушди минбаъдаи кишварамон ва табдил додани он ба давлати муосири рақобатпазир дар маркази таваҷҷуҳи махсус қарор гирифт.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates