Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо оид ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи минтақавӣ мубодилаи афкор намуда, роҳҳои густариши ҳамкориҳои амалиро дар чорчӯби ваколатҳои Марказ баррасӣ карданд. Хусусан, ба масъалаҳои таҳкими сулҳ, субот ва муносибатҳои ҳусни ҳамҷаворӣ дар минтақа, инчунин таъмини рушди устувори муштарак диққати махсус дода шуд.
Ҳамчунин, масъалаҳои ҷалби фаъолонаи созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла сохторҳои системаи СММ, ба татбиқи ташаббусҳо ва ҳуҷҷатҳои муҳиме, ки дар иҷлосияи 150-уми Иттиҳоди байнипарлумонӣ пешниҳод шудаанд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамчунин доир ба имкони ташкил намудани ҷаласаи ҳамзамони Муколамаи занони раҳбари кишварҳои Осиёи Марказӣ дар чорчӯби мулоқоти навбатии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ дар Ӯзбекистон баргузор мегардад, мубодилаи афкор ба амал омад. Таъкид шуд, ки баргузории чунин мулоқотҳо ба институтсионализатсияи ин платформа ва таҳкими иштироки фаъоли занон дар раванди сиёсӣ ва иҷтимоӣ мусоидат мекунад.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ ва кори муштарак дар самти татбиқи ташаббусҳои минтақавӣ изҳор карданд.