Дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк Стратегияи рушди зеҳни сунъии Ӯзбекистон то соли 2030 муаррифӣ гардид

    Аз ҷониби Намояндагии доимии кишвари мо дар назди СММ дар шаҳри Ню-Йорк муаррифии Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ӯзбекистон то соли 2030 баргузор шуд.

    Дар чорабиние, ки бо ташаббуси Идораи СММ оид ба мубориза бо терроризм ва Созмони байналмилалии пулиси ҷиноӣ (Интерпол) ташкил карда шуд, роҳбарияти СММ, коршиносон ва намояндагони корпуси дипломатии дар Ню-Йорк номнависшуда иштирок карданд, хабар медиҳад Агентии иттилоотии «Дунё».

    Иштирокчиёни чорабинӣ бо самтҳои асосии стратегия, инчунин ислоҳот ва дастовардҳои Ӯзбекистон дар соҳаи рушди зеҳни сунъӣ шинос шуданд. Қайд гардид, ки Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба рушди технологияҳои иттилоотӣ ва ҷорӣ намудани навовариҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад.

    Дар чорабинӣ маълумот дар бораи нақшаҳои Ӯзбекистон оиди то ба 1,5 миллиард доллар расонидани ҳаҷми маҳсулот ва хизматрасониҳои барномавӣ дар асоси зеҳни сунъӣ, ифтитоҳи 10 лабораторияи илмӣ, ки дар соҳаи зеҳни сунъӣ фаъолият мекунанд, таҳияи заминаи меъёрию ҳуқуқӣ барои рушди технологияҳои дахлдор, инчунин ташкили инфрасохтори ҳисоббарорӣ ва техникӣ барои коркарди маълумотҳо пешниҳод шуд.

    Дар натиҷаи чорабинӣ дар бораи ҳамкории минбаъдаи Ӯзбекистон бо СММ дар ин самт созишномаҳо ба даст оварда шуданд.


    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates