Дар чорабинӣ намояндагони ваколатдор ва коршиносон аз Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, инчунин намояндагони Котиботи Шӯрои вазирони дифои кишварҳои узви Иттиҳод ва Кумитаи иҷроияи ИДМ ширкат варзиданд.
Ҷаласаи гурӯҳи коршиносиро ифтитоҳ намуда, муовини директори департамент оид ба ҳамкориҳои амниятӣ ва мубориза бо чолишҳову таҳдидҳои нави Кумитаи иҷроияи ИДМ Алим Ҷаксибеков қайд кард, ки он дар доираи татбиқи Қарори Шӯрои вазирони мудофиаи давлатҳои ИДМ аз 24 июни соли 2022 дар бораи таъсиси медали «Барои саҳм дар таҳкими сулҳ» дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сурат мегирад.
Иштироккунандагони ҷамъомад лоиҳаи Қарори Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ-ро оид ба ин масъала муҳокима карданд. Дар натиҷаи ҷаласа тасмим гирифта шуд, ки маводи ҷаласаи гуруҳи коршиносон барои гузарондани тартиботи мувофиқаи байнидавлатии лоиҳаи Қарор ба давлатҳо ирсол карда, бад аз он бо тартиби муқарраршуда барои баррасии Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ ва Шӯрои сарои давлатҳои ИДМ тақдим карда хоҳанд шуд.
Бино ба маълумоти хидмати матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, Вазорати дифои Русия ҳамкорӣ дар формати ИДМ-ро ҳамчун омили таъмини сулҳ, устуворӣ, муносибатҳои некҳамсоягӣ ва қарор ёфтани арзишҳои башардӯстӣ баррасӣ намуда, ташаббуси таъсиси мукофотро пеш гузошт.
Медалҳои «Барои саҳм дар таҳкими сулҳ» нишони байнидавлатии хидмати шоён хоҳад шуд, ки эътирофи хизматҳои махсуси шахсӣ ва шоёни шаҳрвандони давлатҳои ИДМ, инчунин намояндагони давлатҳои дигарро дар мустаҳкам намудани сулҳу осоиш ва муҳофизати амнияти байналхалқӣ инъикос менамояд.