Рӯзи 19 апрел дар қароргоҳи ИДМ дар Минск ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи пешниҳодҳо оид ба шартҳо ва тартиби эътирофи шаҳодатномаҳои эмгузаронӣ бо истифода аз алоқаи видеоконфронс баргузор шуд.
Дар он намояндагони Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Комиссияи иқтисодии Авруосиё, Фонди ташаббусҳои рақамии Бонки рушди Авруосиё ва Кумитаи иҷроияи ИДМ иштирок доштанд.
Иштирокчиёни вохӯрӣ маълумотро дар бораи барномаи мобилии «Бидуни COVID-19 сафар мекунам»-и Фонди ташаббусҳои рақамии Бонки рушди Авруосиё шуниданд. Мақсади асосии барнома таъмини ҳаракати озод ва бехатари шаҳрвандони кишварҳои иштирокчии лоиҳа дар шароити пандемияи сирояти нави коронавирус мебошад.
Аъзои гурӯҳи корӣ таҷрибаи худро оид ба истифодаи замимаи мобилии “Бидуни COVID-19 сафар мекунам” дар кишварҳои худ мубодила карданд. Дар ҳоли ҳозир нӯҳ кишвар ҷиҳати гирифтани санҷишҳои ПСР -- Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон пайваст шуданд. Дар робита ба дарёфти маълумот дар бораи эмкунӣ, панҷ кишвар: Арманистон, Беларус, Қирғизистон, Русия ва Ӯзбекистон пайваст гардиданд. Корҳои ба кор андохтан ва танзими интегратсия бо Қазоқистон анҷом дода мешаванд.
Қайд карда шуд, ки истифодаи замимаи мобилии “Бидуни COVID-19 сафар мекунам” метавонад ҳамчун василаи татбиқи амалии тартиби эътирофи шаҳодатномаҳои эмкунӣ хизмат кунад.
Дар рафти вохӯрӣ иштирокдорон оид ба масъалаи эътирофи шаҳодатномаҳои эмгузаронӣ табодули афкор ва таҷриба намуданд. Аз ҷумла зикр гардид, ки айни замон ҷониби Арманистон, Беларус, Молдова, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон шаҳодатномаҳоро ба таври якҷониба эътироф мекунанд. Ҷониби Русия изҳор дошт, ки ин корро дар шакли дуҷониба бар асоси табодули нотаҳои шифоҳӣ идома медиҳад.
Ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ тобистони соли 2022 дар назар аст.