Дар Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви СҲШ раисӣ аз ҶМЧ ба Қирғизистон мегузарад

    Ҳайати Ўзбекистон таҳти сарварии Сарвазир Абдулла Арипов имрӯз, 1 ноябр дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ки дар шакли видеоконфронс баргузор шуд, ширкат кард.

    Бино ба иттилои хидмати матбуоти Сарвазири Ӯзбекистон, ҷаласа таҳти раёсати сарвазири Шӯрои давлатии Чин Ли Кетсян баргузор шуд. Дар чорабинӣ ҳамчунин сарони ҳукуматҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон ширкат доштанд. Ҳиндустон ва Покистонро вазирони корҳои хориҷӣ намояндагӣ карданд. Кишварҳои нозири Беларус, Эрон ва Муғулистон низ ба кори Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай ҳамроҳ шуданд. Бо даъвати раисикунандаи ҷамъомад Туркманистон дар маҷлис иштирок дошт.

    Зимни вохӯрӣ оид ба татбиқи натиҷаҳои нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ, ки 15-16 сентябри соли равон дар Самарқанд баргузор шуд, табодули ҳамаҷонибаи афкор сурат гирифт.

    Масъалаҳои мубрами рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби СҲШ баррасӣ шуданд. Таваҷҷуҳи хоса ба тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ-гуманитарӣ, аз ҷумла дар заминаи такмили фаъолияти созмон дар марҳалаи кунунӣ зоҳир шуд.

    Дар ҷаласа Дабири кулли СҲШ, директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии ин созмон ширкат дошт.

    Дар натиҷаи мулоқот Изҳороти муштарак ва як қатор санадҳои дигар ба имзо расид, хабар медиҳад АИ «Дунё».

    Дар соли оянда Қирғизистон раёсати Шӯрои сарони ҳукуматҳои СҲШро ба ӯҳда хоҳад дошт.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates