Дар вилояти Сирдарё неругоҳи нави электрикӣ ба истифода дода мешавад

    Энергетика 10 Oktabr 2022 947

    Дар ноҳияи Хавости вилояти Сирдарё неругоҳи барқии ҳароратии нави газупоршении иқтидораш 220 МВт аз ҷониби ширкати туркии «Ченгиз Энерджи» сохта мешавад.

    Дар объект корхои сохтмону монтаж ба охир расида, корҳои баҳрабардорӣ анҷом дода мешаванд. 9 октябрь аввалин агрегатҳои поршении гази неругоҳ бомуваффақият озмуда шуданд.

    Бино ба иттилои хидмати матбуоти вазорати энергетика, пас аз ду ҳафта ин нерӯгоҳ ба шабакаи ягонаи барқи Ӯзбекистон пайваст шуда, интиқоли неруи барқро оғоз мекунад.

    Неругоҳи барқӣ дар як сол 1,7 миллиард киловатт-соат неруи барқ ​​тавлид мекунад.

    Ёдовар мешавем, ки 29 марти соли ҷорӣ сарони Ӯзбекистон ва Туркия ба сохтмони ин неругоҳ ибтидо гузошта буданд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates