Дар Сурхондарё муовини сардори «Энергосбыт» барои ваъдаи ғайриқонунии васл кардани барқ боздошт шуд

    Энергетика 13 May 2025 1034

    Дар натиҷаи як амалиёти фаврӣ, ки бо ҳамкории кормандони шуъбаи ноҳиявии Департаменти назди Прокуратураи генералӣ, Хадамоти амнияти давлатӣ (ХАД) ва Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Олтинсойи вилояти Сурхондарё гузаронида шуд, муовини сардори филиали ноҳиявии «Энергосбыт» боздошт гардид.

    Муайян карда шуд, ки шаҳрванд Б.Б., ки дар вазифаи муовини сардор кор мекард, ба корманди як сартарошхона, ки дар ҳудуди маҳаллаи шаҳрвандии «Б.» ҷойгир аст, ваъда додааст, ки онро бе кушодани ҳисобномаи электронии истеъмоли нерӯи барқ ба шабакаи барқ васл мекунад.

    Илова бар ин, ӯ кафолат додааст, ки дар оянда ҳангоми гузаронидани тафтишоти назоратии кормандони ширкати барқрасон ба онҳо ягон чораҳои таъсиррасонӣ андешида намешавад. Барои ин «хизмат»-аш ӯ 7 миллион сӯм талаб кардааст ва ҳангоми гирифтани маблағ дастгир шудааст.

    Дар робита ба ин ҳолат, тибқи моддаи 210 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон (гирифтани пора) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates