Дар вилояти Сурхондарё кормандони гумрук қочоқи сигорро ба маблағи 10 миллиард сӯм боздоштанд

    Бехатарӣ 19 Fevral 2024 2974

    Дар вилояти Сурхондарё кормандони гумрук қочоқи сигорро ба маблағи 10 миллиард сӯм боздоштанд

    Бино ба иттилои хидмати матбуоти Кумитаи гумрук, ҳангоми аз сканер гузарондани таркиби роҳи оҳан дар постгоҳи гумрукии сарҳадии “Сариосиё”-и вилояти Сурхондарё, дар яке аз вагонҳо мавҷуд будани молҳое, ки дар ҳуҷҷатҳо зикр нашудаанд, ошкор гардидааст.

    Дар рафти тафтиш маълум гардид, ки сигорҳои бе маркаҳои аксизӣ ба маблағи каме бештар аз 10 миллиард сӯм дар қуттиҳои чангкашак ва мошинхои ҷомашӯӣ ҷойгир карда шудааст. Ҳамагӣ 402 ҳазор бастаи маҳсулоти Esse Change кашф карда шуд.

    Дар ҳоли ҳозир аз ҷониби мақомоти гумрук аз рӯи ин далел тафтишот идома доранд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates