Ба муносибати иди Қурбон барои сафарҳои дохилӣ тахфиф эълон шуданд

    Сайёҳӣ 23 Iyun 2022 1615

    Баҳри иҷрои банди 4-уми Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 12 декабри соли 2021 № ФП-35 "Дар бораи барқарор намудани рӯзҳои иловагии ғайрикорӣ ва кӯчондани рӯзҳои истироҳат ба рӯзҳои ҷашни санаҳои расмӣ дар соли 2022" Вазорати сайёҳӣ ва мероси фарҳангӣ ба муносибати ҷашни иди Қурбон 9-10-11-12 июли соли 2022 ба мақсади ташкили рӯзҳои идонаи истироҳатӣ ва ҷалби сайёҳии дохилӣ аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор дар саросари кишвар тахфифҳо пешниҳод менамояд.

    ҶС «Ўзбекистон ҳаво йўллари» ба тамоми намудҳои рейсҳои дохилӣ, ки аз 9 то 12 июли соли 2022 ба муносибати иди Қурбон анҷом дода мешаванд, 50 фоиз тахфиф эълон мекунад.

    ҶС «Ўзбекистон темир йўллари» барои ҳамаи сафарҳои дохилии кишвар (аз 9 июл то 12 июли соли 2022) барои гурӯҳҳои аз 10 то 24 нафар 10 фоиз, барои гурӯҳҳои аз 25 нафар ва бештар аз он 15 фоиз тахфиф пешбинӣ мекунад.

    Рӯзҳои 9-10-11-12 июли соли 2022 дар объектҳои мероси фарҳангӣ (ҷойҳои муқаддас), ки дар ихтиёри Фонди хайрияи ҷамъиятии «Вақф» қарор доранд, барои чиптаҳои вуруд ҳангоми вуҷуд доштани онҳо 20 фоиз барои калонсолон ва 50 фоиз барои ҷавонон ҷорӣ карда мешаванд.

    Ҳамзамон барои тахфифҳои ихтиёрии музейҳо, меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо пешниҳодшуда ба замима нигаред:

    Рӯйхати тахфифҳо барои буду бош (меҳмонхона ва хонаҳои меҳмонӣ);

    Рӯйхати тахфифҳо барои хизматрасонии хӯрокворӣ;

    Номгўи субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаи туризм, ки дар соҳаи туризми дохилӣ фаъолият нишон медиҳанд;

    Тахфифҳо ба муносибати иди Қурбон аз 9 то 12 июли соли 2022;

    Рӯйхати чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ барои рӯзҳои 9-10-11-12 июли соли ҷорӣ.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates