Тибқи маълумот ин воқеа 25-уми октябр, тахминан соати 11:00 дар ҳудуди деҳаи Сафедоби ҷамоати Қалъаи Лаби Оби ин ноҳия рух додааст.
Пораи кандашудаи пирях аз тариқи дара ба поён лағжидааст, аммо соати 14:00 ҳолат комилан таҳти назорат гирифта шудааст.
Дарозии ин пиряхи кандашуда ҳудудан 2 километр буда, баландиаш 25 метр ва паҳнои он 150-200 метр будааст.
Бинои ба маълумоти пешакӣ ин ҳодиса талафоти ҷониву хисороти дигар надошт.
Аммо мутахассисон мегӯянд, бар асари бориши боронҳои шадид ва такроран канда шудани порае аз баданаи пиряхи бузург, метавонад ба хоҷагиҳои деҳаи Гулрез хатар дошта бошад.
Мақомоти маҳаллӣ ва хадамоти наҷотдиҳӣ вазъиятро назорат мекунанд ва омодаанд ба ҳама гуна тағйирот зуд вокуниш нишон диҳанд.
Пиряхи Исмоил Сомонӣ яке аз бузургтарин пиряхҳо дар минтақаҳои кӯҳистонии Тоҷикистон аст.
Коршиносон канда шудани пиряхро ба тағйирёбии иқлим нисбат медиҳанд, ки ин хатари офатҳои табииро дар минтақа зиёд мекунад. Гуфта шуд, ки коҳиши пиряхҳо оқибатҳои ҷиддии дарозмуддати экологӣ ва иқтисодиро ба бор меорад.
Ин ҳодиса бори дигар зарурати таваҷҷӯҳ ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба пиряхҳо ва экологияи минтақаро нишон медиҳад. Талошҳо барои арзёбии рушди рӯйдодҳои минбаъда ва андешидани чораҳои зарурӣ барои пешгирии оқибатҳои фоҷиабор идома доранд, хабар медиҳад asiaplustj.info.








