Ба шарофати биноҳои боҳашамати маркази байналмилалии тиҷоратии “Tashkent city” шаҳр боз ҳам зеботар шудааст. Дар Маркази байналхалқии конгресс форуму конференсияҳои зиёд гузаронда шуданд. Дар оянда гузарондани як қатор нишастҳои бонуфуз ба нақша гирифта шудааст.
Ҳоло дар ин ҷо меҳмонхонаҳои комфорти дараҷаи олӣ ва театри опера сохта мешаванд.
Сарвари давлат бо рафти корҳои сохтмонӣ шинос шуд. Зимнан зикр гардид, ки маҷмаа ба рушди санъат дар кишвар такони тоза бахшида, барои дар сатҳи баланд баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ хизмат хоҳад кард.
Президент ҳамчунин як қатор иншооти дигари МБТ-и шаҳри Тошканд"Tashkent city"-ро, ки дар марҳилаи ниҳоии сохтмон қарор доранд, аз назар гузаронд.












