Дувумин ҳавопаймои махсус бо шаҳрвандони аз Украина эвакуатсияшудаи Ӯзбекистон ба Тошканд расид

    1 марти соли 2022 соати 09:15 ба Тошканд аз шаҳри Катовисеи Полша ҳавопаймои махсуси навбатии ҶС "Uzbekistan Airways" бо 258 шаҳрвандони аз Украина эвакуатсияшудаи Ӯзбекистон омад.

    То 1 марти соли равон бо талошҳои муштараки намояндагиҳои дипломатӣ ва идораҳои дахлдори Ӯзбекистон 509 нафар аз Украина ба Ватан баргардонида шуданд.

    Дар қитъаи ғункунии нуқтаи гузаргоҳию назоратии «Карчова» зиёда аз 650 нафар одамон хастанд, ки барои онҳо тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Барои овардани шаҳрвандон як қатор парвозҳои иловагии эвакуатсия ба нақша гирифта шудааст.

    Дипломатҳои сафорати Ӯзбекистон дар Полша бо ҳалли мушкилоти шаҳрвандони омадаистода сару кор доранд ва интиқоли онҳоро дар фурудгоҳ ҳамоҳанг мекунанд. Дар намояндагии дипломатӣ ситоди оперативии шабонарӯзӣ фаъолият дорад.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates