Дар Тошканд домоди оянда бо роҳи фиреб хонаи арӯсро ба маблағи 240 ҳазор доллар фурӯхт

    Бехатарӣ 24 Oktabr 2025 1974

    Баромадҳои сокини шаҳри Тошканд Ҷамила Олимбоева дар шабакаҳои иҷтимоӣ боиси сару садои зиёд гардид. Духтар дар изҳороташ гуфтааст, ки бо аҳли хонаводаи худ қурбони қаллобӣ шудаанд.

    Дар бораи ин ҳолат Садорати корҳои дохилии пойтахт маълумот додааст.

    Гуфта мешавад, ки моҳи августи соли 2024 Ш.Р. (соли таваллудаш 1997) бо Ш.А. (соли таваллудаш 1999) шинос шуда, ваъда додааст, ки бо ӯ издивоҷ мекунад. Аммо пеш аз тӯй, мушкилоти молиявӣ доштани худро баҳона карда, пешниҳод мекунад, ки хонаи духтарро ҳамчун гарав гузоранд ва баъди ҳалли муаммо тӯйро гузаронанд. Бо чунин роҳи фиреб хонаро ба дигар кас ба маблағи 240 000 доллари ИМА фурӯхтааст.

    Бар асоси ин ҳолат нисбати Ш.Р. бо моддаи 168, қисми 4, банд «а»-и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ боз шуда, чораи пешгирии ҳабс татбиқ шудааст.

    Дар ҷараёни тафтишоти ибтидоӣ, ки аз ҷониби шуъбаи тафтишоти назди СКД шаҳри Тошканд гузаронида шуд, муайян гардид, ки шаҳрванд Ш.Р. ғайр аз ин, нисбати шаҳрвандони дигар низ чанд ҳолати фиреб содир намудааст. Аз рӯйи тамоми ҳолатҳо пурра ва холисона тафтишот гузаронида шуда, парванда бо хулосаи айбдоркунӣ барои чораҷӯии қонунӣ ба Суди ноҳияи Мирзо Улуғбек фиристода шудааст. Ҳоло дар доираи ин кори ҷиноӣ мурофиаи судӣ идома дорад.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates