Дар ин бора хадамоти матбуоти Агентии идоракунии партовҳо ва рушди иқтисоди даврӣ хабар додааст.
Тибқи маълумоти ин ниҳод, ҳар рӯз дар пойтахти Ӯзбекистон 3000–3500 тонна партов ҷамъоварӣ мегардад. Аз ин ҳаҷм 0,1 фоиз ба нон ва маҳсулоти ғизоӣ рост меояд.
Дар маҷмӯъ, соли 2025 дар шаҳр 1,1 миллион тонна партов ҷамъоварӣ шудааст. Шумораи муштариён (абонентҳо)-и хидматрасонии баровардани партов 755 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Қарзи хидматрасониҳои пешниҳодшуда ба 19,9 миллиард сӯм расидааст.
«Ба шарофати корҳои фаҳмондадиҳии агентӣ ҳаҷми нон ва маҳсулоти ғизоие, ки ба партов партофта мешаванд, ба таври назаррас коҳиш ёфт. Барои онҳо дар ҳамаи нуқтаҳои ҷамъоварии партов контейнерҳои ҷудогона насб карда шудаанд», — таъкид карданд дар агентӣ.