Дар Тошканд ва Бухоро ҷашнвораи байналмилалии адабӣ баргузор мегардад

    Воқеаҳо 11 Yanvar 2022 1724

    Моҳи сентябри соли 2022 дар Тошканд ва Бухоро “Ҷашнвораи адабӣ дар Роҳи бузурги абрешим" баргузор мегардад. Он аз ҷониби Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон, вазоратҳои корҳои хориҷӣ, сайёҳӣ ва варзиш, сафорати кишвари мо дар Лондон ва маъмурияти «Ҷашнвораи адабӣ дар Роҳи бузурги абрешим» баргузор мешавад.

    Дар назар аст, ки дар ҷашнвора адибони хориҷӣ, ки дар бораи таърих ва фарҳанги Осиёи Марказӣ асар эҷод кардаанд, нашриётҳо, агентҳои адабӣ ва китобфурӯшон ва нависандагону шоирони Ӯзбекистон ширкат кунанд.

    Ҳадаф аз баргузории ҷашнвора васеъ намудани минбари адабӣ дар нашрияҳои хориҷии Аврупо барои осори устодони каломи ӯзбек, ошно кардани хонандаи хориҷӣ бо мероси ғании адабӣ ва фарҳангии кишварамон, анъана ва расму оинҳои он, ҳаёти имрӯза мебошад.

    “Соли гузашта сафири бренди сайёҳии кишварамон дар Британияи Кабир Софи Ибботсон бо пешниҳоди баргузории ин ҷашнвора ба мо муроҷиат карда буд, – гуфт мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ва тарҷумаи бадеии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Рустам Мусурмон. -- Мо бо иштироки намояндагони Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати сайёҳӣ ва варзиши Ӯзбекистон, Сафорати кишварамон дар Лондон ва ташаббускорони фестивал муколамаи онлайн баргузор кардем. Моҳи ноябр Софи Ибботсон ба узвияти Иттифоқи нависандагон пазируфта шуд. Дар натиҷаи гуфтушунид аз рӯи ин масъала қарори хотимавӣ кабул карда шуд. Ҷониби Бритониё дар бораи ба сифати маърӯзагарон иштирок кардани олимон-таърихшиносони маъруф Уилям Далримпл, Питер Франкопан, муаллифи китоб дар бораи Ӯзбекистон Кэролайн Иденро изҳор кард.

    Қарор аст, ки ҷашнвора ҳамасола дар яке аз кишварҳои воқеъ дар Роҳи бузурги абрешим баргузор шавад. Ӯзбекистон аввалин кишвари мизбони ин ҷашнвора хоҳад шуд.

    Дар ташкили ҷашнвора аз Британияи Кабир маъмурияти ҷашнвораи адабии «Shute Festival», Агентии адабии Осиё, Ҷамъияти шоҳона оид ба корҳои Осиё ва Шӯрои Бритониё иштирок мекунанд, хабар медиҳад «Дунё» бо истинод ба хидмати иттилоотии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон.

    Дар чаҳорчӯби “Ҷашнвораи адабӣ дар Роҳи бузурги абрешим” беш аз 20 чорабинӣ баргузор мешавад. Инҳо мубоҳисаҳои адабӣ, намоиши китобҳои нав, семинарҳо оид ба мавзӯъҳои муҳим.

    Дар ҷашнвора масъалаҳои тарҷумаи адабӣ, анъанаҳои адабиёти ӯзбек, нашри асарҳои муаллифони ӯзбек дар нашриётҳои кишварҳои Аврупо, рушди тиҷорати нашриёт дар шароити муосир баррасӣ мешаванд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates