Дар шаҳри Тошканд ва вилояти Намангон кӯшиши қаллобӣ ҳангоми дохил шудан ба донишгоҳҳо пешгирӣ карда шуд

    Бехатарӣ 14 Iyul 2025 422

    Дар шаҳри Тошканд ва вилояти Намангон ду шаҳрванд ҳангоми гирифтани 2000 доллар барои кӯмакҳои ғайриқонунии дохил шудан ба донишгоҳ боздошт гардиданд. Аз рӯи ҳолатҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои қаллобӣ ва додани пора оғоз шудааст.

    Тавре хабар дода мешавад, кормандони Департаменти назди Прокуратураи генералӣ дар ҳамкорӣ бо Хадамоти амнияти давлатӣ (ХАД) дар ноҳияи Учтепаи шаҳри Тошканд шаҳрванд Д.Х.-ро дастгир карданд. Вай ба боварии шаҳрванд З.А. даромада, ваъда додааст, ки бо ёрии шиносҳои гӯё таъсиргузораш ба ӯ барои дар асоси буҷа дохил шудан ба Академияи давлатии хореографияи Ӯзбекистон кумак мерасонад. Ӯ ҳангоми гирифтани 2000 доллари ИМА дастгир шуд.

    Ҳодисаи ба ин монанд дар ноҳияи Норини вилояти Намангон ба қайд гирифта шуд. Шаҳрванд А.В. ба шаҳрванд Ж.У. ваъда додааст, ки ӯро ба курси сеюми яке аз донишгоҳҳои хусусии Тошканд мегузаронад ва ҳангоми гирифтани 2000 доллари ИМА дастгир гардид.

    Аз рӯи ҳолатҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ бо моддаҳои 168 (қаллобӣ) ва 28, 211 (додани пора) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Ӯзбекистон оғоз гардида, тафтиши пешакӣ идома дорад.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates