Тибқи маълумот, ӯ худро шахси боэътимод нишон дода, ба боварии як шаҳрванд даромадааст. Инспектор ваъда додааст, ки шиноси ӯ аз вилояти Навоӣ, ки соли 1995 таваллуд шудааст, аз имтиҳони давлатӣ бваффақият гузаронда, гувоҳномаи ронандагиро гирифта медиҳад.
Ҳангоми амалиёти фаврӣ, ки таҳти ҳамкории Садорати Хадамоти амнияти давлатӣ дар шаҳри Тошканд ва Департаменти назди Сарпрокуратура гузаронида шуд, инспектор ҳангоми гирифтани 1500 доллар ва 1,9 миллион сӯм барои имтиҳон бо далелҳои ашёӣ дастгир шуд.
Аз рӯйи ҳолат нисбати ӯ бо моддаи 168 (қаллобӣ) ва 211 (гирифтани пора) Кодекси ҷиноӣ парвандаи ҷиноятӣ боз гардида, чораи пешгирии ҳабс татбиқ шуд. Ҳоло корҳои тафтишотӣ идома доранд.









