Дар Тошканд Форуми II иқтисодии Созмони ҳамкориҳои Шанхай ба кори худ оғоз кард

    Таҳти раёсати Ӯзбекистон имрӯз, 16 август дар Тошканд Форуми II иқтисодии Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) ба кори худ оғоз кард.

    Муовини Сарвазир – вазири сармояҳо ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷамшид Хоҷаев ва муовини котиби генералии СҲШ Урик Ашимов ба иштирокдорони форум табрик карданд.

    Дар давоми ду рӯз ширкаткунандагон рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманди тиҷорию-иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангию гуманитариро баррасӣ намуда, барои таҳкими робитаҳо дар фазои СҲШ тадбирҳои муассир таҳия мекунанд.

    Тибқи барномаи форум ҷамъомадҳои умумӣ, ҷаласаҳои панелӣ, мулоқотҳои дуҷониба, тамосҳои B2B баргузор мешаванд, хабар медиҳад АИ «Дунё».

    Бояд гуфт, ки Форум на танҳо барои роҳандозии муколамаи байниҳукуматӣ, балки барои ҳамкории намояндагони доираҳои соҳибкорӣ ва корхонаҳо, инчунин ҷалби сармоягузорон ба минтақаҳои фазои СҲШ ба як платформаи муассир табдил дода мешавад.

    Ёдовар мешавем, ки нахустин форум рӯзҳои 23-24 июни соли 2021 дар шаҳри Душанбе (Тоҷикистон) баргузор шуд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates