Чорабиниро иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Владимир Норов ифтитоҳ намуд.
Дар рӯзномаи чорабиниҳо масъалаҳои таҳкими минбаъдаи шарикии стратегӣ байни Ӯзбекистон, Озарбойҷон ва Туркия дар соҳаҳои сиёсати минтақавӣ ва байналмилалӣ, савдо, иқтисодиёт, сармояҳо ва нақлиёт қарор доранд.
Дар ҷараёни мулоқот, тавре интизор меравад, барои густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар ин самт пешниҳодҳои нав таҳия хоҳанд шуд.
Дар натиҷаи чорабинӣ Изҳороти Тошканд қабул карда мешавад.