Дар Тошканд ҷаласаи дуюми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи стратегии «Осиёи Марказӣ - Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷи Форс» оғоз шуд

    Имрӯз, 15 апрел дар Тошканд ҷаласаи дуюми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи стратегии «Осиёи Марказӣ - Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷи Форс» оғоз шуд.

    Дар он ҳайатҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Баҳрайн, Қатар, Кувайт, Амороти Муттаҳидаи Араб, Уммон, Арабистони Саудӣ ва Озарбойҷон ба ҳайси меҳмони фахрӣ ширкат доранд, хабар медиҳад АИ “Дунё”. Дар рӯзномаи чорабинӣ рафти иҷрои тавофуқоти дар чаҳорчӯби нишасти аввали сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Шӯрои Ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷи Форс ҳосишуда, ки 19 июли соли 2023 дар Ҷидда баргузор гардид, дурнамои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, сармоягузорӣ, нақлиёту коммуникатсия, фарҳангию гуманитарӣ, инчунин дар соҳаи амният ва ҳифзи муҳити зист ҷой доранд.

    Чӣ хеле ки интизорӣ меравад, мубодилаи афкор оид ба омодагӣ ба Шамоиши оянда дар формати “Осиёи Марказӣ – Шӯрои ҳамкории давлатҳои араби Халиҷи Форс” дар Самарқанд дар соли 2025 баргузор мегардад.

    Дар поёни чорабинӣ қабули Изҳороти муштарак дар назар аст.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates