Дар ҷаласа сарони идораҳҳои низомии кишварҳои узв ва кишварҳои нозир, инчунин намояндагони Котиботи СҲШ ширкат доранд.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа ҳайатҳо як қатор масъалаҳои соҳаи низомиро баррасӣ хоҳанд кард. Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба чолишҳо ва таҳдидҳо ба амнияти минтақавию байналмилалӣ барои кишварҳои узви СҲШ ва чораҳои безараргардонии онҳо табодули назар хоҳанд кард.
Қабл аз ҷаласа роҳбарони вазоратҳои низомии Ҳиндустон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, инчунин Белорус ба ҳайси кишвари нозир дар СҲШ ба пояи муҷассамаи «Муҷассамаи матонат» дар Боғи Ғалабаи Тошканд гул гузоштанд, хабар дод агентии «Дунё».
Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи қаблии вазирони дифои кишварҳои узви СҲШ 28 июли соли 2021 дар шаҳри Душанбе (Тоҷикистон) баргузор шуда буд.