Дар 26-умин ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории иқтисодӣ Котиби генералии Созмони ҳамкории иқтисодӣ Хусрав Нозирӣ, сарони вазоратҳои хориҷаи Озарбойҷон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Туркия ва Ӯзбекистон, ҳамчунин Котиби генералии Созмони кишварҳои туркӣ Кубаничбек Омуралиев ва Котиби генералии Ҷамъомадиҳамкорӣ ва чораҳои боварӣ дар Осиё Қайрат Сарыбай иштирок доранд.
Дар доираи чорабинӣ иштирокчиён масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ, иқтисодиёти "сабз", рақамикунонӣ, энергетика ва ғайраро баррасӣ намуда, ҳамчунин натиҷаҳои раёсати Ӯзбекистон дар СҲИро ҷамъбаст мекунанд, хабар медиҳад АИ «Дунё».