Имсол барои дарёфти унвони қавитарин варзишгар тақрибан 200 гуштӣ аз тамоми минтақаҳои кишвар мубориза мебаранд. Дар рӯзи аввали мусобиқаҳо ғолибон ва ҷоизадорон дар панҷ вазн муайян гардиданд.
Инҳо медалҳои тилло ба даст оварданд:
Ихтиёр Ботиров (то 55 кг),
Исломжон Баҳромов (то 63 кг),
Шаҳзод Кучқоров (то 72 кг),
Азим Соатуллоев (то 82 кг),
Кодир Жалилов (то 92 кг).
Дар маросими ҷоизасупорӣ роҳбарони Кумитаи миллии олимпӣ варзишгаронеро, ки ба шоҳсуфа баромаданд, табрик намуда, ба онҳо комёбиҳо ва ғалабаҳои минбаъда дар майдонҳои байналмилалӣ орзу карданд.












