Дар Тошканд конфронси байналмилалии "AsiaGrains& OilsConferenceinTashkent 2021" кушода шуд

    8 сентябри соли ҷорӣ дар Тошканд конфронси "AsiaGrains& OilsConferenceinTashkent 2021" -- аввалин чорабинии байналмилалӣ дар Ӯзбекистон, ки манфиатҳои бозорҳои ғалла ва равған фаро гирифта, бидуни муболиға дар сектори агросаноатии Осиёи Миёна бузургтарин мегардад, ба кор шурӯъ намуд.

    Конфронс аз ҷониби ширкати "Селвит" сарпарастӣ карда шуд, сарпарасти технологӣ MyandeGroup буд. Инчунин аз ҷониби ширкатҳои SGS, VEKTOR CompanyGroup, "TAН", Заводи механикии Хорол, "Котлоэнергопроект", Bentonite сарпарастӣ карда шуд. Ба ғайр аз ин, вазорати кишоварзии Ўзбекистон, Сафорати Ўзбекистон дар Қазоқистон, Ассотсиатсияи корхонаҳои равғану чарбӯи "Ўзёғмойсаноат"-и Ўзбекистон ва дигар давлатҳои кишоварзиашон рушдёфта дастгирӣ карданд.

    Иштироккунандагони конфронс зиёда аз 200 намояндаи сегменти ғалладона, зироатҳои равғанӣ ва муҷовири қариб 20 кишвари ҷаҳон мебошанд.

    Зиёда аз 20 таҳлилгар ва коршиноси пешбари бахши кишоварзии Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои пешрафтаи аграрӣ дар се бахши иттилоотӣ дар гузоришҳои худ иттилооти амалиётӣ ва марбутро пешниҳод хоҳанд кард.

    Аз ҷумла, дар рӯзи аввали конфронс ду бахш баргузор мешавад: бахши аввал ба бозори ғалла ва орд дар минтақаи Осиёи Марказӣ бахшида шудааст.

    Дар давоми бахши дуввум -- "Инфраструктураи логистикии бозори кишоварзӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ".

    Конфронс то 10 сентябр идома меёбад.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates