Дар Тошканд намоишгоҳи "Central Asia Pharma & Healthcare Uzbekistan" ба кор шурӯъ намуд

    Тандурустӣ 8 Iyun 2023 1799

    7 июни соли равон дар бинои Қасри эҷодиёти ҷавонони пойтахт маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи байналмилалии дорусозӣ ва системаи тандурустии Осиёи Марказӣ – «Central Asia Pharma & Healthcare Uzbekistan» баргузор гардид.

    Намоишгоҳ дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои "Meta Events Group", инчунин "Big4Sure Events"-и Аморати Муттаҳидаи Араб, бо дастгирии Палатаи савдою саноати Ӯзбекистон, Вазорати сармояҳо, саноат ва савдои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҳокимияти шаҳри Тошканд, Ассотсиатсияи истеҳсолгарон ва интиқолдиҳандагони таҷҳизоти тиббии Ӯзбекистон баргузор мегардад.

    Намоишгоҳҳои байналхалқии тиббӣ, ки дар кишвари мо мунтазам гузаронда мешаванд, ба рушди минбаъдаи низоми тандурустӣ хизмат карда, барои мутахассисони соҳа имкон фароҳам меоранд, ки бо навовариҳо ва технологияҳои тиббию илмӣ шинос шаванд.

    Дар он ҳудуди 50 ширкати тандурустӣ ва дорусозӣ аз Бритониёи Кабир, Покистон, Туркия, Ҳинд ва дигар кишварҳои хориҷӣ бо маҳсулот ва хидматҳои худ ширкат мекунанд.

    Инчунин дар намоишгоҳи байналмилалӣ ширкат кардани брендҳои маъруфи тиббии ҷаҳон аз қабили "ShamrocK Pharmachemi", "Marc Laboratories" дар назар аст.

    Ин намоишгоҳ барои ҷалби сармояи хориҷӣ ба кишвари мо, рушди минбаъдаи туризми фармасевтӣ, стоматологӣ ва тиббӣ, созмони корхонаҳои муштарак дар ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ, омӯзиши талабот ва пешниҳоди соҳа ва густариши тиҷорат хизмат мекунад.

    Бино ба иттилои дафтари матбуоти Палатаи савдо ва саноат, намоишгоҳ то 9 июн идома хоҳад кард.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates