Дар маросими ифтитоҳи бинои нав муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон З.Маҳкамова, фармондеҳи Гвардияи миллӣ Р.Ҷӯраев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, фарҳанг ва варзиши Олий Маҷлис Д.Тошмуҳаммадова, муовини вазири нигаҳдории тандурустӣ Э. Баситхонова, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак (Омбудсман) А.Юнусова ва дигарон иштирок карданд.
Дар чорабинӣ кормандони масъул ва мутахассисони ҳокимияти шаҳри Тошканд, Вазорати таълими халқ, намояндагони ҷомеаи васеъ утоқҳои дарсиро, ки барои барномасозӣ, тайёркунии аэромоделҳо ва робототехника бо таҷҳизоти замонавӣ ҷиҳозонида шудаанд, аз назар гузаронданд.
Масъулин қайд карданд, ки солҳои охир дар кишвар дар самти фароҳам овардани шароити муносиби меҳнати аҳолӣ ислоҳоти системавӣ сурат гирифта, ба сохтори Гвардияи миллӣ вобаста кардани хонаҳои «Меҳрибонлик» қарори хуб буд.
Дар рафти чорабинӣ як гурӯҳ мутахассисон, ки дар рафти сохтмон намуна гардиданд, бо нишони сарисинагии «Аълочии маънавият», соатҳои дастии хотиравӣ ва ифтихорномаҳои Гвардияи миллӣ сарфароз гардонда шуданд, хабар медиҳад ӮзА.