Муовини Сарвазир – вазири сармояҳо ва савдои хориҷии Ӯзбекистон Ҷамшид Хоҷаев ва котиби генералии СҲШ Чжан Мин иштирокдорони форумро табрик карданд.
Дар давоми ду рӯз ширкаткунандагони чорабинӣ доир ба масъалаҳои ҷалби таваҷҷуҳи кишварҳои узви ин созмон ба рушди минбаъдаи сайёҳӣ, фарҳанг ва кишоварзӣ табодули назар мекунанд.
Тибқи барномаи ҳамоиш се иҷлосияи панелӣ, инчунин як форуми тиҷорӣ бо иштироки намояндагони доираҳои тиҷоратии кишварҳои ин созмон баргузор мешавад.
Бояд гуфт, ки Форуми сарони минтақаҳо ҳамчун як платформаи муколама амал мекунад, ки ба кишварҳои минтақа имкон медиҳад, ки самтҳои ояндадори рушди минбаъдаи минтақаро якҷоя ва ҳамаҷониба баррасӣ кунанд.