Дар Тошканд Форуми II иқтисодии Созмони ҳамкории Шанхай ифтитоҳ ёфт

    Дар доираи раёсати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Созмони ҳамкориҳои Шанхай 16 августи соли равон дар Тошканд Форуми II иқтисодӣ ба кори худ оғоз кард. Ба платформа дар формати гибридӣ роҳбарони вазорату идораҳои масъули рушди иқтисод, савдо ва ҷалби сармоя, роҳбарони ассотсиатсияҳои соҳавӣ, бонкҳои тиҷоратӣ, корпоратсияҳои бузурги давлатӣ, палатаҳои савдо ва саноат, коршиносон ва дигар аъзои ҳайатҳои кишварҳои аъзои СҲШ даъват шудаанд.

    Дар рӯзномаи Анҷуман ҷаласаи умумӣ қарор дорад, ки дар он роҳбарони вазоратҳои иқтисод ва савдои кишварҳои узви СҲШ, инчунин намояндагони Котиботи Созмон ширкат доштанд.

    Аз номи ҳайати Ўзбекистон дар назди иштирокдорони Форум муовини аввали вазири сармояҳо ва савдои хориҷӣ Ҷумҳурии Ўзбекистон Азиз Воитов нутқ эрод намуд. Дар суханронӣ ба аҳамияти тамаркузи саъю талошҳои умумӣ дар самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ, аз қабили рушди муштараки иқтидори сармоягузории минтақаи СҲШ, таҳияи нақшаи чорабиниҳои муштарак оид ба ҳавасмандгардонии сармоягузории мутақобила, таъмини рушди устувори тиҷорат, мустаҳкам кардани пайвастагии нақлиёт, таъмини муттасилии занчирҳои таъминот, инчунин вусъат додани ҳамкорӣ дар соҳаи амнияти озуқаворӣ ва агросаноатӣ эътибор дода шуд.

    Иштирокчиёни Форум динамикаи устувор ва мусбати афзоиши гардиши мол байни кишварҳои СҲШро таъкид карданд. Дар соли 2021 ҳаҷми савдои хориҷии кишварҳои узви ин созмон беш аз 8 триллион доллар гузашта, сеяки онро ташкил дод, гардиши савдои дохилии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай то ба 768 миллиард доллар афзуда, қариб 40 фоиз афзоиш ёфтааст.

    Зимни ҷаласаи умумӣ ҳамчунин ба татбиқи ҳарчи зудтари лоиҳаҳои аҳамияти минтақавӣ, аз қабили сохтмони роҳи оҳани “Чин-Қирғизистон-Ӯзбекистон” ва долони трансафғонӣ, ки ҳаҷми ҳамлу нақли бор дар қаламрави як катор мамлакатхои СҲШ-ро афзоиш медиҳад, таваҷҷуҳ зоҳир гардид.

    Нотиқон таъкид карданд, ки чорабинӣ барои баррасии масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои бисёрҷониба ва табодули афкор оид ба дурнамои рушди муносибатҳои кишварҳои узви СҲШ дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, инчунин тавсеаи ҳамкориҳои саноатӣ майдони муҳим аст.

    Дар доираи рӯзи аввали Форум ҳамчунин Намоишгоҳи инноватсияи саноатии СҲШ ва музокироти дуҷонибаи аъзои ҳайатҳои кишварҳои мухталиф баргузор шуд.

    Барномаи рӯзи дуюми Форум як силсила ҷаласаҳои панелиро бахшида ба баррасии лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ, омилҳои амиқсозии ҳамкориҳои байналмилалӣ, чораҳои барқарорсозии робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, тавсеаи ҳамкорӣ дар давраи рақамисозӣ ва рушди иқтисоди “сабз” дар фазои СҲШ дар бар мегирад, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати сармояҳо ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates