Дар Тошканд филиали Академияи умумироссиягии савдои хориҷӣ кушода мешавад

    Тиҷорат 4 Sentabr 2024 1144

    3 сентябри соли ҷорӣ таҳти ҳамраисии вазири сармояҳо, саноат ва савдои Ҷумҳурии Ўзбекистон Лазиз Қудратов ва вазири рушди иқтисодии Федератсияи Русия Максим Решетников дар тартиби онлайн ҷамъомади дуюми Гурӯҳи корӣ оид ба афзун гардондани муомилоти мол байни Ӯзбекистон ва Русия баргузор гардид.

    Русия шарики анъанавии асосии тиҷоратии Ўзбекистон аст. Дар 7 моҳи соли ҷорӣ гардиши мол 29,1 фоиз афзуда, 6,8 миллиард долларро ташкил дод. Дар ин давра афзоиши содирот ба Федератсияи Россия аз рӯи 175 номгӯи мол ба қайд гирифта шудааст. Содироти 64 номгӯи маҳсулоти нав ба маблағи 11,3 миллион доллар ба роҳ монда шуд.

    Зимни музокира ҳисоботи роҳбарони дахлдори соҳаҳои саноат, энергетика, нақлиёт ва кишоварзӣ шунида шуд, ки онҳо оиди вазъи кунунии татбиқи лоиҳаҳо ва созишномаҳои мувофиқашуда дар доираи Нақшаи чорабиниҳои муштарак оид ба зиёд намудани ҳаҷми савдои тарафайн байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Федератсияи Русия барои солҳои 2024-2030, ки барои ноил шудан ба ҳадафи мушаххаси сарони ду давлат – ба 30 миллиард доллар расонидани гардиши мол равона шудааст, маълумот доданд.

    Иштирокчиёни вохӯрӣ инчунин бо рафти ифтитоҳи филиали Академияи умумироссиягии савдои хориҷӣ дар Тошканд ва кори Маркази коршиносии ташаббусҳои стратегӣ шинос шуданд.

    Пас аз анҷоми гуфтушунидҳо ҷиҳати тавсеаи ҳамкориҳо ва идомаи кори муштараки самарабахш дар тамоми самтҳои рушди савдои ду кишвар изҳори пайравӣ карда шуд.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates