Дар ифтитоҳи чорабинӣ, ки дар формати гибридӣ сурат мегирад, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ғайрат Фозилов, Дабири кулли СҲШ Чжан Мин, директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ Руслан Мирзаев иштирок доштанд.

Дар ҷараёни ҷаласа намояндагони кишварҳои узви СҲШ оид ба омодагӣ ба ҷаласаҳои дарпешистодаи Шӯрои сарони давлатҳо ва дигар мақомоти оинномавии ин созмон табодули афкор намуда, ҳамчунин лоиҳаи номгӯи асноди барои имзо пешниҳодшударо баррасӣ карданд.

Шинос кардани ҳамоҳангсозони миллӣ бо дастовардҳои Ӯзбекистон дар соҳаи IT ва иқтидори сайёҳии кишвар пешбинӣ шудааст.

Ҷаласаи ШҲМ СҲШ то 28 январи соли 2022 идома хоҳад кард, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.