Дар Тошканд ҷаласаи ғайринавбатии Иттиҳоди Палатаҳои савдо ва саноати кишварҳои туркӣ баргузор шуд

    3 июл дар Тошканд бо ташаббуси Палатаи савдову саноати Ӯзбекистон ҷамъомади ғайринавбатии Иттиҳоди Палатаҳои савдову саноати давлатҳои туркӣ таҳти мавзӯи “Ӯзбекистони Нав: пешомадҳои нав барои тиҷорат ва сармояҳо” баргузор гардид.

    Иттиҳоди Палатаҳои савдо ва саноатии кишварҳои туркӣ соли 2023 дар заминаи Палатаи савдо ва саноати туркӣ таъсис ёфтааст. То имрӯз ҷаласаи якуми Ассамблеяи генералии Иттиҳоди палатаҳои савдо ва саноати кишварҳои туркӣ баргузор гардид. Ин Иттифоқи Палатаҳо як платформаи байналмилалӣ аст, ки барои рушди муносибатҳо ва ҳамкории кишварҳои ҷаҳони турк таъсис ёфтааст. То имрӯз панҷ кишвар – Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия, Ӯзбекистон узви Шӯро мебошанд. Венгрия ва Туркманистон мақоми нозирро доранд.

    Дар чорабинӣ муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷамшид Хоҷаев нутқ эрод намуда, зимни он аҳамияти амиқсозии муносибатҳои байнидавлатиро дар тамоми бахшҳои иқтисодиёт, аз ҷумла тиҷорат, нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ, саноат ва инчунин омодагии Ӯзбекистонро барои минбаъд низ гузоштани саҳм дар рушди минбаъда ва таҳкими ҳамкориҳои байни кишварҳои узв ва мушоҳидони Созмони давлатҳои туркӣ қайд намуд.

    Президенти Фонди сармоягузории кишварҳои туркӣ Бағдод Амреев, муовини котиби генералии СДТ Омер Кочаман, раиси Президиуми Палатаи савдо-саноатии Ӯзбекистон Адҳам Икромов, Раиси Палатаи савдо-саноатии Ӯзбекистон Даврон Ваҳобов, президенти Конфедератсияи миллии ташкилотҳои соҳибкорони (корфармоёни) Ҷумҳурии Озарбойҷон Мамед Мусоев, президенти Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Қирғизистон Темир Сариев, ноиби якуми президенти Иттиҳоди палатаҳои савдо ва саноат ва биржаҳои молии Туркия Али Корпуз, мушовири Палатаи миллии соҳибкорони Ҷумҳурии Қазоқистон «Атамекен» Мурат Каримсоков ва сардори Раёсати Палатаи савдо ва саноати Туркманистон Кемал Велиев суханронӣ карданд.

    Иштирокчиён аз номи соҳибкорони ҷаҳони турк ба роҳбарияти Ӯзбекистон барои шароити мусоиди сармоягузорӣ дар кишвар дар солҳои охир барои пешбурди соҳибкорӣ изҳори сипос намуданд. Нотиқон инчунин қайд карданд, ки дар натиҷаи ислоҳоти пайваста дар Ӯзбекистони нав барои рушди босуръати соҳибкорӣ имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шуда, ҷолибияти сармоягузории кишвар якбора афзуда, шумораи корхонаҳо бо сармояи хориҷӣ қариб чор баробар афзоиш ёфтааст.

    Дар вохӯрӣ ҳисоботи аъзои Иттиҳоди Палатаҳои савдо ва саноати кишварҳои туркӣ оид ба рушди минбаъдаи муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва соҳибкорӣ, таҳкими шарикии дуҷониба ва бисёрҷониба дар соҳаҳои тиҷорат, саноат ва соҳибкорӣ шунида шуд. Самтҳои асосии Иттиҳоди Палатаҳои савдо ва саноати туркӣ баррасӣ шуданд.

    Таъкид гардид, ки Иттиҳоди Палатаҳои савдо ва саноати туркӣ платформаи муассир барои густариши ҳамкориҳои бисёрҷонибаи кишварҳои узв, аз ҷумла тиҷорат, сармоягузорӣ, нақлиёт, энергетика, сайёҳӣ, табодули фарҳангӣ ва гуманитарӣ мебошад.

    Дар доираи чорабиниҳо мулоқоти доираҳои корчаллонии кишварҳои туркӣ дар формати “B2B” баргузор гардид, хабар медиҳад хидмати матбуоти ПСС.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates