Президенти Ӯзбекистон ба иштирокдорони форум табрик ирсол намуд, ки онро муовини Котиби Шӯрои амният, намояндаи махсуси Сарвари давлатамон оид ба сиёсати хориҷӣ Абдулазиз Комилов хонда дод, хабар медиҳад АИ “Дунё”.
Дар ҷаласа баррасии маҷмӯи васеи масъалаҳои марбут ба мубориза бо терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва савдои одам, таъмини амнияти фазои рақамӣ аз ҳамлаҳои киберӣ ва ҷиноятҳои киберӣ дар назар аст.
Дар ҳошияи Нишасти котибони Шӯроҳои амниятӣ як қатор мулоқотҳои дуҷониба низ дар назар аст.
Ёдовар мешавем, ки нахустин мулоқоти ин форматро ҷониби Туркия моҳи июни соли 2022 ташкил карда буд.