Иштироки муовинони роҳбарони идораҳои корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон ва муовини дабири кулли Хидмати аврупоии амалҳои берунӣ дар назар аст.
Иштирокчиёни ҷаласа ҳолат ва дурнамои ҳамкории ИА ва Осиёи Марказӣ, даъват ва таҳдидҳои муштарак дар соҳаи сиёсати хориҷӣ ва амниятро баррасӣ мекунанд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.