Дар Тошканд Ҷашнвораи санъати тасвирӣ ва амалӣ баргузор мегардад

    Фарҳанг 14 Aprel 2022 2087

    Аз 18 то 22 апрели соли ҷорӣ Академияи бадеии Ӯзбекистон якҷоя бо вазорату идораҳо Ҷашнвораи байналмилалии санъати тасвирӣ ва амалӣ баргузор менамояд.

    Дар ҷашнвора намунаҳои эҷод аз ҷониби ҳунармандони маъруф, ки услуби эҷодии худро доранд, рассомони ҷавон, донишҷӯён ва хонандагон пешкаш карда мешаванд.

    Дар доираи ҷашнвора намоишгоҳ, тақдимот, конфронс, семинарҳо, дарсҳои маҳорат ва дигар чорабиниҳо ташкил карда мешаванд.

    Лаҳзаи нотакрор — рассомон дар ҳавои кушод кор карда, дақиқаҳои дилрабоии баҳори пойтахт, равандҳои навсозиро дар мамлакат тасвир мекунанд. Ҳунармандони ҷавон метавонанд аз насли калонсол ибрат гиранд, хабар медиҳад ӮзА.

    No date selected
    September 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates