Дар Тошканд Форуми бизнеси меҳмонхонаҳо – «Hotel Business Forum-2024» баргузор мешавад

    Тиҷорат 6 Fevral 2024 922

    Дар Тошканд аз 29 феврал то 1 март дар меҳмонхонаи InterContinental Tashkent рӯйдоди калидии саноати меҳмонхона – “Hotel Business Forum-2024” баргузор мешавад.

    Чорабинӣ бо дастгирии Кумитаи сайёҳии назди Вазорати экология, ҳифзи муҳити зист ва тағирёбии иқлим ва Ассотсиатсияи меҳмонхонаҳо ташкил карда шуда, воқеаи муҳим дар соҳаи меҳмоннавозӣ, платформаи вохӯриҳои корӣ, муколама ва табодули таҷриба барои намояндагони ширкат ва коршиносони пешқадам оид ба тамоюлҳои нави соҳа мегардад.

    Форум ба таҳия ва татбиқи консепсияҳои инноватсионӣ, табдил додани онҳо ба тиҷорати муваффақ аз тарҳрезӣ ба бозор таваҷҷуҳ ҷалб менамояд.

    Дар назар аст, ки масъалаҳои мухталиф, аз ҷумла технологияҳои сабз, даромаднокии сармоягузорӣ ба франшизҳо, нақши технологияҳои иттилоотӣ, ҷанбаҳои экологӣ ва рақамикунонии хизматрасонӣ дар тиҷорати меҳмонхонаҳо фаро гирифта шаванд.

    Дар чаҳорчӯби чорабинии мазкур инчунин Ҷоизаи миллии меҳмоннавозии Ӯзбекистон баргазор мегардад, ки барои муайян кардани беҳтарин корхонаҳои соҳаи меҳмонхона ва баланд бардоштани ҷолибияти сайёҳии кишвар пешбинӣ шудааст.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates