Дар Тошканд Форуми байналмилалии театрҳои мусиқии “Operetta.uz” баргузор мегардад

    Фарҳанг 18 Aprel 2022 1426

    Аз 20 то 23 апрели соли 2022 Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон Форуми I байналмилалии театрҳои мусиқии “Operetta.uz” баргузор менамояд. Чорабиниҳо дар Театри давлатии мусиқии комедияи (оперетта) Ӯзбекистон, инчунин дар Қасри санъати «Туркистон» баргузор мешаванд.

    Дар доираи чорабиниҳо мулоқоти расмии роҳбарияти Вазорати фарҳанг бо меҳмонони хориҷии форум, имзои меморандумҳо оид ба ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи фарҳанг ва санъати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия, баргузории дарсҳои маҳорат, Workshop, конфронсҳои матбуотӣ дар мавзӯи «Рушди санъати театрии мусиқии Ӯзбекистон ва ҳамкорӣ бо театрҳои мусиқии хориҷӣ» ба нақша гирифта шудааст.

    23 апрел дар Қасри санъати "Туркистон" бо иштироки солистҳои намоёни опереттаи Тошканд ва меҳмонон аз Русия гала-консерт баргузор мегардад.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates