Дар Тошканд ҷамъомади навбатии Шӯрои Иттиҳодияи байнибонкии СҲШ баргузор мешавад

    Молия 21 Avgust 2022 1110

    23 августи соли равон дар шаҳри Тошканд ҷаласаи XVIII Шӯрои Иттиҳодияи байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай (минбаъд – ИББ СҲШ) таҳти раёсати ҶС «Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон» (минбаъд - ҶС Бонки миллии Ӯзбекистон) баргузор мегардад.

    ҶС Бонки миллии Ӯзбекистон дар давраи солҳои 2021-2022 дар ҷаласаи XVII Шӯрои иттиҳодия, ки 16 сентябри соли 2021 дар шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, раиси ИББ СҲШ интихоб шуд.

    Дар ҷаласаи Иттиҳодия роҳбарони ниҳодҳои пешрафтаи рушди кишварҳои узви СҲШ (Чин, Ҳиндустон, Русия, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон), ки бонкҳои узви ИББ мебошанд, инчунин намояндагони Котиботи СҲШ ва бонкҳои шарики ИББ СҲШ (Муғулистон, Беларус ва Бонки авруосиёии рушд), вазирорату идораҳои ваколатдори Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок мекунанд.

    Дар маркази рӯзномаи ҷамъомад масъалаҳои имзои ҳуҷҷатҳое, ки бо ташаббуси ҶС Бонки миллии Ӯзбекистон дар рафти Ҷамъомади коршиносон ва мутобиқсозони дар шаҳри Бухоро 16 майи соли 2022 баргузошуда таҳия шудааст, мавриди муҳокима қарор гирифт:

    Нақшаи чорабиниҳои муштараки бонкҳои аъзои Иттиҳодияи байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай ҷиҳати дастгирӣ ва рушди ҳамкориҳои дохилиминтақавии иқтисодии СҲШ дар давраи миёнамӯҳлат (2022-2027);

    Принсипҳои чаҳорчӯбаи ҳамкории бонкҳои аъзои Иттиҳодияи байнибонкии Созмони ҳамкории Шанхай дар бахши молиявӣ.

    Қабули ин ҳуҷҷатҳо ба бонкҳои узв имкон медиҳад, ки тадбирҳоро ҷиҳати дарёфти роҳҳои раҳоӣ аз бӯҳрони бар асари пандемия ва ноустувории иқтисоди ҷаҳонӣ ҳамоҳанг созанд ва ба сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои аз ҷиҳати стратегӣ аҳамиятнок, ки рушди инноватсия, технологияҳои олӣ ва иқтисодиёти "рақамӣ", такмили механизмҳои маблағгузории лоиҳаҳо, инчунин мусоидат дар таҳкими нақши ИББ дар фазои СҲШ-ро пешбинӣ мекунанд, таваҷҷуҳи махсус зоҳир намоянд.

    Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин баррасии дурнамои тавсеаи ҳамкориҳои бонкҳои узв дар бахшҳои сармоягузорӣ ва иқтисодӣ, беҳбуди ҳамкориҳои мутақобилан судманди онҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳавасмандгардонии афзоиши тиҷорат ва сармоягузории мутақобилаи кишварҳои узви СҲШ, инчунин баланд бардоштани иқтидори кадрии банкҳои аъзои ИББ дар назар аст, хабар медиҳад хизмати матбуоти Бонки миллии Ӯзбекистон.

    Барои маълумот: Иттиҳодияи байнибонкии СҲШ бо қарори Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви СҲШ аз 26 октябри соли 2005 бо мақсади ташкили механизми маблағгузорӣ ва лоиҳаҳои сармоягузории бонкӣ, ки аз ҷониби давлатҳои иштирокдори СҲШ дастгирӣ мешаванд, таъсис дода шудааст.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates